Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бадахшониҳо барқарории робитаи телефонӣ бо Хоруғро дархост карданд


Садҳо бадахшониҳо дар як муроҷиатнома ба унвонии раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон дархости барқарор шудани алоқаи телефонӣ бо шаҳри Хоруғ ва манотиқи дигари вилояти Бадахшонро кардаанд. Дар нусхаи электронии ин нома, ки ба радиои Озодӣ низ ирсол шудааст, дар муроҷиат ба Бек Зуҳуров гуфта мешавад, ки дар давоми 34 соати охир онҳо наметавонанд бо хешу наздикони худ дар Хоруғ ва баъзе навоҳии атроф ҳамсӯҳбат шуда аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шаванд. “Мо аз вазъи баамаломада дар ташвиш ҳастем ва рӯзи дуюм аст, ки дар ҳолати бехабарӣ ба сар мебарем”, мегӯянд муроҷиаткунандагон.

“Аз рӯи иттилои матбуот, президент оташбас ва хатми амалиёти низомиро дар Хоруғ амр додааст, вале то ҳанӯз робитаи телефонӣ барқарор нашудааст. Вале манобеи ғайрирасмӣ иттилои ташвишоварро дар бораи талафоти ҷонӣ дар миёни мардуми осоишта пахш мекунанд”, - мегӯянд бадахшониҳои берун аз вилоят. Бо пахши ин муроҷиатнома, онҳо хостори сареъ барқарор шудани алоқа бо шаҳру навоҳии атрофи Хоруғ шуда гуфтаанд, ки ин қарор барои ҷилавгирӣ аз бебандубориву провокатсия мусоидат хоҳад кард. Муаллифон мегӯянд, ки ин номаро 300 нафар пуштибонӣ кардаанд.


Аз субҳи барвақти рӯзи сешанбе, 24 июл ҳама робитаҳои телефонӣ бо шаҳри Хоруғ қатъ буда, на хати телефонҳои статсионар ва на ҳамроҳ кор намекунанд. Танҳо дар бархе ҳолатҳо телефонҳои маҳвораии баъзе созмонҳои байналмилалӣ ва барои пайваст шудан бо ҷаҳони беруна истифода мешаванд.
XS
SM
MD
LG