Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Роҳи Александр Лукашенко ба Лондон баста шуд


Кумитаи тадорукоти Бозиҳои Олимпии тобистона дар Лондон аз сабти номи раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко барои ҳузур дар Олимпиада сарпечӣ кард. Александр Лукашенко раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар аст.

Александр Жуков, раиси кумитаи олимпии Русия, дар Твиттер навиштааст, ки далели сарпечӣ аз сабти номи Лукашенко ташреҳ нашудааст.

ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии Белорус дар соли 2010-ро, ки дар он Александр Лукашенко бори чаҳорум сарвари кишвар интихоб шуд, напазируфтанд Кишварҳои ғарбӣ ҳукумати Белорусро дар нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон айбдор мекунанд. Александр Лукашенко ва беш аз 200 мансабдор, соҳибкор ва хабарнигори белорус ба “рӯйхати сиёҳ”-и афроде шомиланд, ки вуруди онҳо ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо мамнӯъ аст.
XS
SM
MD
LG