Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури нави Ҳиндустон савганд ёд кард


Пранаб Мухерҷӣ

Пранаб Мухерҷӣ

Раисиҷумҳури нави Ҳиндустон Пранаб Мухерҷӣ имрӯз савганд ёд кард. Ӯ рӯзи якшанбе аз сӯи вакилони парлумон ба ин мақом пазируфта шуд. Мухерҷӣ – собиқ вазири молия ва узви собиқадори ҳизби ҳукмрони Конгресси миллии Ҳиндустон, 76 сол дорад ва дар ин мақом Пратибҳа Патил, нахустин зан-раисҷумҳури Ҳиндро иваз кард.

Дар Ҳиндустон мақоми раисиҷумҳур асосан ташрифотист аммо сарвари кишвар дар давраҳои бӯҳрони сиёсӣ ҳамчунин кафили Қонуни асосӣ нақши муҳим дорад. Ӯ ҳамчунин сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар аст.
XS
SM
MD
LG