Пайвандҳои дастрасӣ

Шаби гузашта аз дасти афроди мусаллаҳи номаълум дар шаҳри Хоруғ шаш нафар кушта шудаанд. Дар ин бора як манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти қудратии Тоҷикистон хабар дод ва гуфт, ки ин ҳодиса ҳатман тафтиш хоҳад шуд. Аз ин пеш дар бораи ҳалокати ҳафт сокини осоишта аз сӯи нишонзанҳои номаълум хабар дода мешуд.

Имрӯз раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим дар муроҷиат ба сокинони вилоят гуфт, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар бораи “оташбаси қатъӣ” амр кардааст.

Раҳбари Бадахшон дар баробари садҳо нафаре суханронӣ кард, ки ба нишони эътироз ба амалиёти вижаи мақомоти қудратии Тоҷикистон ҷамъ омада буданд. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ҳама гурӯҳҳои мусаллаҳ оташбасро қабул хоҳанд кард.

Сокинони Хоруғ дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки вазъи шаҳр алҳол комилан ором аст.
XS
SM
MD
LG