Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бомббори канори Димишқ аз сӯи нирӯҳои артиши Сурия


Нирӯҳои Сурия субҳи имрӯз минтақаи Ал-Тел дар шимоли Димишқро бо тӯпу мушакҳо бомббор карданд. Ал-Тел ва чанд маҳаллаи дигари пойтахти Сурия аз ҳафтаи гузашта таҳти назорати чирикиҳо қарор дорад. Нирӯҳои давлатӣ имрӯз ба ҷустуҷӯи канораҳои Димишқ идома додаанд. Субҳи имрӯз корвони зиреҳпӯшҳои артиш дар пайи тасарруфи як минтақаи стротегӣ дар вилояти Идлиб роҳии Ҳалаб шудаанд.
Шаби гузашта генерал Маноф Талос - фармондеҳи аршади Горди ҷумҳурии Сурия ва дӯсти наздики раиси он ҷумҳурӣ Башор Асад эълон кард, ки аз режим рӯ тофтааст. Талос баландтарин мақоми Сурия аст, ки тайи 17 моҳи ошӯбҳои зидди режими Асад тағйири сангар кард.
XS
SM
MD
LG