Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рушди кишварҳои пасошӯравӣ кундтар хоҳад шуд


Бонкии аврупоии бозсохт ва рушд гуфт, паёмадҳои манфии буҳрони минтақаи евро ба бозорҳои дар ҳоли гузор шарқтар рафта, бавижа ба Русия таъсир хоҳад кард. Бино ба пешбинии ин бонк, рушди кишварҳои шӯравии собиқ имсол 2,7 дарсад хоҳад шуд, ки назар ба 3,1 фоиз пешбинии моҳи май камтар аст.
Бонки аврупоӣ пешбиниаш нисбат ба рушди иқтисодии минтақаро барои соли оянда низ ним фоиз коҳиш дода, ҳамагӣ 3,2 дарсад баровард кардааст. Бонки аврупоӣ ҳушдор дод, ки «боз ҳам бадтар шудани буҳрони минтақаи евро» ҳамчунон « бузургтарин хатар барои тамоми ин минтақаи дар ҳоли гузор» боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG