Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳрими Бағдод алайҳи ширкати нафтии “Chevron”


Вазорати нафти Ироқ Ироқ эълон кард, ки ширкати амрикоии “Chevron”-ро то замони хуруҷаш аз қарордоди имзошуда бо мақомоти Курдистон аз ҳаққи кор дар конҳои нафти Ироқ маҳрум мекунад. “Chevron” ҳафтаи гузашта алорағми мухолифати Бағдод қарордоди бо мақомоти курд бастаи ширкати ҳиндии “Reliance”-ро харид. Бағдод исрор меварзад, ки тамоми созишномаҳои истихроҷи газу нафт бояд бо ҳукумати марказӣ имзо шаванд. Давлати Ироқ ширкати дигари амрикоии “ExxonMobil”-ро ҳам қаблан ҳушдор дода буд, ки агар қарордоди моҳи ноябри соли гузаштааш бо мақомоти курдро лағв накунад, бо айни таҳрим рӯбарӯ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG