Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

13 пулиси афғон ба тарафи Толибон гузашт


Дар Афғонистон як фармондеҳи пулис бо 12 афсар баъди заҳролуд кардани 7 ҳамсафи худ ба сӯи Толибон гузаштаанд. Мақомоти вилояти ғарбии Фароҳ мегӯянд, Мирвайс ном масъули як посгоҳ дар улусволии Болобулук тамоми таслиҳоту мошинҳои низомиашро ҳам ба Толибон таслим кардааст. 7 пулисе, ки ба онҳо напайвастанд, заҳролуд шудаанд. Фароҳ бо Эрон ҳаммарз буда, аз нооромтарин вилоёти Афғонистон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG