Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1200 нирӯи изофӣ барои Олимпиадаи Лондон


Бритониё эълон кард, ки барои ҳимояти Бозиҳои олимпии Лондон 1200 нирӯи изофиро басиҷ мекунад. Ҷеремӣ Ҳант – вазири масъули Олимпиада гуфт, истиқрори ин нирӯҳо марбут ба кадом таҳдиди изофӣ нест. Истиқрори нирӯҳои изофӣ ҷамъи нирӯҳои низомии масъули таъмини тартибот дар Бозиҳои олимпии Лондонро ба 18 200 нафар мерасонад. Барои таъмини назм 20 000 афсари пулис низ сафарбар шудаанд. Бозиҳои Лондон рӯзи 27 июл ифтитоҳ хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG