Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди нахустини дабири кулли СММ аз Косово


Дабири кулли СММ Бан Ки Мун дирӯз бо нахустин сафари расмӣ аз Косово боздид кард. Бан дар Приштина ба муколама байни албаниҳову сербҳо дар қиболи “масъалаи ҳассосу печидаи марбут ба шимоли Косово “ даъват кард. Аксарияти сербҳои шимоли Косово то ҳол истиқлоли ин кишварро, ки соли 2008 аз Сербистон ҷудо шуд, қабул надоранд. Бан дар пайи боздиди Сербистон вориди Косово шудааст.
XS
SM
MD
LG