Пайвандҳои дастрасӣ

Фармондеҳи Горд аз режими Асад рӯ гардонд


Фармондеҳи аршади Горди ҷумҳурии Сурия ва дӯсти наздики раиси он ҷумҳурӣ Башор Асад тасдиқ кард, ки аз режим рӯ тофтааст. Генерал Маноф Талос, писари вазири собиқи дифоъ Мустафо Талос дар наворе, ки телевизиони Ал-Арабия шаби гузашта нашр кард, гуфт, мардуми Сурия бояд барои сохтани кишвари нави демократӣ ҳамкорӣ кунанд. Ӯ гуфт, аъзои артиш бояд “ҷиноёти режим” дар ҷараёни саркӯбии ошӯбҳоро маҳкум кунанд. Маноф Талос баландтарин мақоми Сурия аст, ки тайи 17 моҳи ошӯбҳои зидди режими Асад тағйири сангар кард.
Ин дар ҳолест, ки нирӯҳои давлатӣ талош доранд ба хотири ҳифзи режим назоратро бар қисматҳои аздастрафтаи Ҳалаб ва пойтахт – Димишқ – барқарор кунанд.
XS
SM
MD
LG