Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавқифи амалиёти низомӣ дар Хоруғ


Амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Хоруғ шоми сешанбе мутаваққиф шудааст, вале мақомот мегӯянд, ин амалиёт то замони хунсо кардани тамоми гурӯҳи Толиб Айёмбеков идома хоҳад ёфт. Маҳалли будубоши ин фармондеҳи воҳиди марзбонии Ишкошим маълум нест, вале ба гуфтаи мақомот, дирӯз дар даргириҳои Хоруғ 42 нафар, аз ҷумла 30 силоҳбадаст ва 12 тан аз нирӯҳои давлатӣ, кушта шуданд. Мақомоти амниятӣ ҳамчунин аз боздошти 40 нафар, бо шумули 8 афғон, хабар доданд. Амалиёт дар Хоруғ 3 рӯз баъд аз қатли раҳбари идораи амнияти Бадахшон Абдулло Назаров оғоз ёфт.
XS
SM
MD
LG