Пайвандҳои дастрасӣ

Ихроҷи 6 тоҷики дигар аз ду минтақаи Русия


Ахиран 4 шаҳрванди Тоҷикистонро аз ҳавзаи Ямалу Ненетс дар шимоли Русия ва ду тоҷики дигарро аз вилояти Самара ихроҷ кардаанд. Далели ихроҷи онҳо нақзи шароити кору иқомат дар Русия гуфта мешавад. Ҳамасола беш аз 1 миллион нафар аз Тоҷикистон барои мардикорӣ ба Русия мераванд ва аз аввали сол танҳо аз Самара 158 муҳоҷири хориҷиро ихроҷ кардаанд, ки як бахши аъзами онҳо атбоъи Тоҷикистонанд.
XS
SM
MD
LG