Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаҳои расмии мақомоти амниятӣ аз амалиёти Хоруғ


Тибқи иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар, дар ҷараёни амалиёти махсуси Хоруғ 42 нафар, аз ҷумла, 30 ҷангӣ ва 12 нафар аз нируҳои давлатии Тоҷикистон кушта шудаанд. 40 нафар аз аъзои гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла 8 шаҳрванди Афғонистон, ки узви ин гурӯҳ буданд, боздошт шудаанд.

Тавре Нозирҷон Бӯриев-сухангӯи Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷаи амалиёт аз гурӯҳи Айёмбеков 100 мил силоҳи гуногун ва муҳимоти ҷангӣ мусодира шудааст. Ба гуфтаи Нозирҷон Бӯриев дар ҷараёни амалиёт 23 нафар захмҳои гуногун бардоштанд. Вай гуфт, дар байни аҳолии осоишта касе ҳалок ва ё захмӣ нашудааст. Амалиёт идома дорад.
XS
SM
MD
LG