Пайвандҳои дастрасӣ

Cавори мошин шудан дар Эрон, се тан зоирини пиёдаи тоҷикро муваққатан аз дигар ҳамроҳон ҷудо кардааст.

Ин се зоири пиёда бо баҳонаи хаста шудан ҳангоми аз Нишопур дубора ба Машҳад баргаштан дар нимароҳ аз мошин истифода мекунанд. Абдулазиз Раҷабов, раҳбалади ин гурӯҳ дар тамоси телефонӣ гуфт, «ин се нафар тақрибан 200 километр роҳро бо мошин тай карданд, ки чунин рафторашон қобили қабул нест».

Раҷабов мегӯяд, ин рафтор ба шаъну эътибори гурӯҳ, ки эълони пиёда зиёрат намудани хонаи Худоро карда буданд, айб меорад. Бад ин хотир раҳбалади гурӯҳ ин се тан зоирро ҷиддӣ ҳушдор дода, гуфтааст, «дар сурати такрори чунин амал, яъне дар роҳ то Арабистони Саудӣ мошинсаворӣ кардан, ин се танро аз сафи гурӯҳи зоирини пиёда берун хоҳад кард».

Дар тамоси дигари телефонӣ ин се зоир гуфтанд, ки намехостанд савори мошин шаванд, аммо як марди эронӣ аз роҳи дилсӯзӣ, маҷбуран онҳоро савори мошин карда, тақрибан 200 километр роҳ овардааст.

Абдулазиз Раҷабов низ гуфт, воқеан, сокинони оддӣ ба онҳо эҳтироми хос доранд, аммо набояд аз эҳтироми онҳо бар зарари ҳадафи дар пеш гузошта, яъне пиёда ба зиёрат рафтан истифода кард.

Ҳашт тан зоирини пиёда аввали тобистони имсол аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон азми сафари Арабистони Саудӣ карда буданд. Аз ин шумор ду тан аз онҳо бо сабабҳои гуногун аз идомаи сафар даст кашиданд ва ҳоло шаш тан аз онҳо дар Эрон қарор доранд. Ҳоло онҳо дар садади дохиш шудан ба хоки Ироқ ҳастанд, ки баъдан аз он ҷо ба Арабистони Саудӣ ворид мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG