Пайвандҳои дастрасӣ

Зиёда аз 100 маҳбус ба таври ғайриқонунӣ ва бо истифода аз асноди қалбакии бемории сил авф шудаву аз маҳбасҳои Тоҷикистон раҳо гаштаанд.

Раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод Фаттоҳ Саидов рӯзи сешанбеи 24 июл дар нишасти хабарӣ гуфт, 90 нафари ин озодшудагон аллакай қаламрави кишварро тарк кардаанд. Аммо ба оҷонсӣ муяссар гаштааст, 10 нафарро ифшо ва боздошт кунад:

«Баъд аз он, ки мӯҳлати Қонуни авф ба охир расид, кормандони мо ҷараёни татбиқи ин қонунро санҷида баромаданд ва маълум шуд, ки беш аз 100 нафар маҳбусон қайриқонунӣ озод гардидаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки 104 нафари онҳо ба қочоқи маводи мухаддир даст доштаанд. Аз миёни онҳо мо даҳ нафарро боздошт кардем, ки ба ҳангоми гузаронидани ташхиси такрорӣ аз ҷониби комиссияи муштараки вазорати ҳифзи иҷтимоӣ ва тандурустӣ маълум шуд, ки онҳо гирифтори сил нестанд».

Ба гуфтаи Фаттоҳ Саидов, дар ивази боздоштшудаҳо зиндониёне, ки воқеан маризии сил доштаанд, ба озодӣ баромаданд.

Сӯистифода ва фасод дар иҷрои қонунҳои авфе, ки тақрибан ҳар сол қабул мешаванд ва бузургтарини онҳо дар ҷашни 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон ба миён омада буд, ҳодисаи нав нест, вале масъала ин аст, ки то ҳанӯз механизми чунин хилофкориҳо омӯхта ва бартараф нашудааст.

Фаттоҳ Саидов

Фаттоҳ Саидов

Ҷамол Муборов, сардори раёсати тафтишотии Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон мегӯяд, ин гувоҳномаҳои тақаллубии тиббӣ аз ҷониби пизишкони алоҳида, бар ивази гирифтани ришва аз пайвандони зиндониён, пешниҳод шудааст. Вай афзуд, «чунин варақаҳои тиббиро наздикони зиндониён аз дармоногоҳҳои оддӣ гирифтаанд. Пизишкон бо гузоштани санаи пешин ин маҳбусонро ба феҳристи гирифторони бемории сил ворид кардаанд ва комиссияи махсусе, ки барои татбиқи ин қонун ҷавобгар буд, зимни тафтиши ин варақаҳо салоҳиятнок набудааст.»

Гуфта мешавад, ҳоли ҳозир дар нисбати 6 нафар аз ҷумла , 5 пизишки дармонгоҳҳо ва як нафар аз пайвандони яке аз маҳбусон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Бузургмеҳр Ёров ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, Қонуни авфи кишвар асосан аз ду қисм иборат аст. Яке бахшида шудааст ба он нафароне, ки аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда мешаванд ва қисми дуюм усулеро дар бар мегирад, ки аз ҷониби киҳо татбиқ шудани Қонуни афвро нишон медиҳад. Вай мегӯяд, ин қонун аз сӯи мақомоти таҳқиқ, тафтишоти қаблӣ, ки ба онҳо мақомоти судиву додситонӣ шомиланд татбиқ мешавад ва аз ҷониби раҳбарони муассиаҳои ислоҳӣ тасдиқ мегарданд.

Бузургмеҳр Ёров афзуд, «дар ҳолати мазкур, раҳбари муассисаҳои ислоҳотӣ ба муҳри гувоҳиномаҳои тиббӣ бовар кардаанд ва ба прокурори ҷойҳои махсусгардонидашуда пешниҳод намудаанд. Бояд гуфт, духтурони ин Бузургмеҳр Ёров

Бузургмеҳр Ёров

муассисаҳои махсусгардонидашуда дар наздикии шаҳри Ваҳдат қарор доранд. Аммо маҳкумшудаҳо дар шаҳрҳои Кӯлобу Душанбе ва Хуҷанд қарор доранд ва интиқоли онҳо ҳам маблағ ва ҳам вақти зиёдро талаб мекунад. Бо назардошти он, ки мӯҳлати Конуни авфи гузашта ҳамагӣ 3 моҳро дар бар мегирифт, мақомоти ҳуқуқтасдиқунанда ба асноди пешниҳодшуда бовар кардаанд».

Бузургмеҳр Ёров аз ҷумла гуфт, агар дар қонун зикр мешуд, ки «маҳбусоне, ки ҳангоми баровардани Қонуни авф аллакай дар қайди муассисаҳои тиббӣ чун беморони сил қарор доранд,” он гоҳ чунин мушкилот пеш намеомад.

Ба эътиқоди Бузургмеҳр Ёров, бояд дар оянда ба ҳангоми татбиқи Қонуни авф ҳамин нукта тавассути ягон санад зикр гардад.

Гуфта мешавад, то имрӯз Қонуни авф дар баробари бештар аз 100 ҳазор нафар маҳбус татбиқ шудааст ва соли гузашта тибқи ин қонун 4 ҳазор зиндонӣ аз маҳбасҳои Тоҷикистон озод гардиданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG