Пайвандҳои дастрасӣ

Режими Асад аслиҳаи кимёвиро ба марзҳо интиқол медиҳад


Шӯришиёни Сурия нируҳои ҳукуматиро муттаҳам кард, ки онҳо аслиҳаи кимёвиро наздик ба марзҳои кишвар интиқол медиҳанд. Фармондеҳ Қосим Саиддин аз артиши озоди мухолифони давлати Сурия хабарро дар бораи интиқоли аслиҳаи кимёвӣ ба фурудгоҳҳои надик ба марз таъйид кард.

Аммо ҷониби ҳукумати Сурия ин хабарро таъйид накардааст. Иддаои ҷониби мухолифин дар ҳоле садо медиҳад, ки як рӯз пеш сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Сурия изҳор дошт, ки агар ба Сурия нируҳои хориҷӣ ҳамла кунанд, нируҳои ҳукуматӣ аз аслиҳаи кимёвӣ истифода хоҳанд кард.

Дар посух ба ин изҳорот Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия ҳушдор дод, ки ба “иштибоҳи фоҷеаомез” роҳ надиҳад ва аз захираҳои аслиҳаи кимёвии худ истифода накунад. Рӯзи душанбе Обама гуфт, ки агар Асад даст ба чунин кор задад бошад, дар назди маҳофили байналмиллалӣ ва Амрико ҷавоб хоҳад гуфт.
XS
SM
MD
LG