Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Айёмбеков дар амалиёти Хоруғ кушта шуд


Тибқи хабари манобеи радиои Озодӣ, дар ҷараёни амалиёти зидди гурӯҳи Толиб Айёмбеков дар яке аз қисматҳои шаҳри Хоруғ писари Айёмбеков кушта шудааст. Аз писари вай ном бурда намешавад. Ин хабарро вазорати дохилаи Тоҷикистон низ таъйид кард.

Ин амалиёт дар маҳале наздик ба корхонаи нонпазии шаҳри Хоруғ дар маҳали иқомати Толиб Айёмбеков ҷараён дорад. Дар амалиёт ҷузу томҳои нируҳои зудамал, горди раёсати ҷумҳурӣ ва нируҳои вазорати дохила ширкат доранд.

Дар қисматҳои дигари шаҳр рафту омади низомиён ба чашм мехӯрад. Шаҳр зери назорати онҳо қарор дорад.
XS
SM
MD
LG