Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурӯҳи Толиб Айёмбеков гурӯҳи ҷиноӣ эълон шудааст


Кумитаи амнияти миллӣ ва Вазрати умумри дохилаи Тоҷикистон бо пахши як баёния аз шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» рӯзи сешанбе Толиб Аёмбековро дар куштори генерал Абдулло Назаров- сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон муҷрим эълон кард.

Тибқи ин баёния, тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки ҷинояти мазкур аз ҷониби аъзои дастаи мусаллаҳи ғайриқонунии Толиб Айёмбеков-сокини шаҳри Хоруғ ва фармондеҳи Бахши сарҳадии минтақаи Ишкошим содир гардидааст.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, ки Толиб Айёмбеков ва ҳамроҳононаш даъвати мақомоти давлатиро барои бозпурсӣ роҷеъ ба ҳодисаи куштори Абдулло Назаров рад кардаанд.

Бо вуҷуди пешинҳоди роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шахсиятҳои фарҳангиву мазҳабии Бадахшон ва музокироти се рўза бо Толиб Айёмбеков дар бораи таслим кардани аслиҳаи худ натиҷаи дилхоҳ надодааст.

Манобеи давлатӣ мегӯянд, дар ҷавоб ба ин дархости ҷониби ҳукумат Толиб Айёмбеков ба ҷалби афроди мусаллаҳи худсар дар атрофи худ оғоз кардааст.
XS
SM
MD
LG