Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Хоруғ амалиёти боздошти гурӯҳи ҷиноӣ идома дорад


Нозирҷон Бӯриев-сухангуи Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ таъйид кард, ки субҳи 24 июл дар шаҳри Хоруғ барои боздошт ва маҳви аъзои гуруҳи ҷиноии созмонёфта амалиёт оғоз шудааст. Ба гуфтаи вай, ин гурруҳо бояд боздошт ва ба ҷазо кашонда шаванд.

Оқои Бӯриев афзуд, ба ин амалиёт ҷузу томҳои нирӯҳои зудамал, гвардияи раёсати ҷумҳурӣ, ОМОН, Алфа, КГБ ва ВКД сафарбар карда шудаанд.
XS
SM
MD
LG