Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз Асад тақозо кард, ки аз аслиҳаи кимёвӣ истифода накунад


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия ҳушдор дод, ки ба “иштибоҳи фоҷеаомез” роҳ надиҳад ва аз захираҳои аслиҳаи кимёвии худ истифода накунад. Рӯзи душанбе Обама гуфт, ки агар Асад даст ба чунин кор зада бошад, дар назди маҳофили байналмиллалӣ ва Амрико ҷавоб хоҳад гуфт.

Рӯзи душанбе Сурия таҳдид кард, ки дар ҷавоб ба мудохилаи хориҷӣ аслиҳаи кимёвии худро истифода хоҳад кард, вале қавл дод, ки онро бар зидди мардуми худ ба кор нахоҳад бурд.

Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ ин таҳдиди Димишқро маҳкум кард ва аз маҳофили байналмиллалӣ хост, ки барои пешгирӣ аз чунин кори Сурия омода бошанд.
XS
SM
MD
LG