Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико ҳамлаҳои хунини Ироқро маҳкум кард


Амрико кушта шудани афроди бегуноҳ дар мавҷи ахири хушунатҳои Ироқро шадидан маҳкум кард. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Виктория Нуланд гуфт, боиси таассуф аст, ки ин ҳамлаҳои "буздилона” дар моҳи барои мусалмонон муқаддаси Рамазон рух додаанд. Дирӯз бар асари 21 ҳамла дар Бағдод ва шимоли пойтахти Ироқ беш аз 100 тан кушта ва то 200 тан захмӣ шуданд, ки хунинтарин рӯз барои Ироқ дар соли ҷорӣ буд. Бовар меравад, ки ин мавҷи ҳамлаҳо кори дасти Ал-Қоида бошад.
XS
SM
MD
LG