Пайвандҳои дастрасӣ

Тирандозии як афсари артиш дар Қазоқистон


Мақомоти Қазоқистон қазияи тирандозии як афсари артишро таҳқиқ мекунанд, ки ду афсари дигарро захмӣ кардааст. Ин ҳодиса рӯзи якшанбе дар шаҳри Приозёрск рух дод. Ба гуфтаи мақомот, як лейтенанти 26-сола ҳангоми баҳс аз туфангча оташ кушода, як капитану як сарҳангро захмӣ кардааст. Ҳардуро ба бемористон бурда, тирандозро боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG