Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани то 12 ҷангӣ дар Шаволи Покистон


Мақомоти амниятии Покистон мегӯянд, бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар як минтақаи ошӯбзадаи қабиланишин дар наздикии марзи Афғонистон то 12 ҷангии эҳтимолӣ кушта шуданд. Ин ҳавопаймо болои як қароргоҳ дар минтақаи Шаволи Вазиристони шимолӣ чандин мушак партоб кардааст. Шавол аз паноҳгоҳҳои ҷангиёни Толибон ва Ал-Қоида шумурда мешавад. Ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин бахши муҳими набардҳои Амрико алайҳи терроризм аст, вале Покистон ин ҳамлаҳоро ба маҳзи нақзи истиқлолаш ва ҳам кушта шудани мардуми мулкӣ башиддат интиқод мекунад.
XS
SM
MD
LG