Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин эҳзори "қотили Колорадо" ба додгоҳ


Ҷеймс Ҳолмс, ки ба қатли 12 нафар ва захмӣ кардани 58 тан дар намоиши филми нави Бэтмен дар аёлати Колорадои Амрико айбдор мешавад, дирӯз бори аввал ба додгоҳ эҳзор шуд. Ҳолмс либоси маҳбусӣ ба тан дошт ва мӯи сарашро бо рангҳои рӯшани норанҷиву гулоб ранг карда буданд. Айбномаи расмӣ алайҳи ӯ рӯзи душанбеи оянда эълон хоҳад шуд. Ин донишҷӯи собиқ, ки 24 сол дорад, рӯзи ҷумъа дар як кинотеатр дар шаҳри Аврора тамошобинони филми Бэтменро тирборон кард.
XS
SM
MD
LG