Пайвандҳои дастрасӣ

Хунинтарин рӯз дар таърихи имсолаи Ироқ


Ба гуфтаи мақомот, мавҷи тирандозиҳову бомбгузориҳои дирӯза дар Бағдод ва шимоли пойтахти Ироқ беш аз 100 кушта ва то 200 захмӣ ба ҷо гузошт. Аз ҷумла пойгоҳи низомӣ дар наздикии шаҳри Зулуя ҳадафи ҳамла қарор гирифта, дар шаҳри Тоҷӣ бар асари ҳамалот ҳудуди 40 тан ҷон бохтаанд. Дар маҷмӯъ дирӯз дар шимоли Бағдод 21 ҳамла сурат гирифтааст, ки хунинтарин рӯз барои Ироқ дар соли ҷорӣ буд ва бовар меравад, ки ин мавҷи хушунатҳо кори дасти Ал-Қоида бошад.
XS
SM
MD
LG