Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама Асадро аз "иштибоҳи фоҷиабор" ҳушдор дод


Барак Обама
Барак Обама
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама раҳбари Сурия Башор Асадро ҳушдор дод, ки бо боз кардани дари амборҳои таслиҳоти кимиёиаш ба “иштибоҳи фоҷиабор” роҳ надиҳад. Обама гуфт, дар чунин сурат ҷомиаи байналмилалӣ ва Амрико Асад ва режими ӯро ба масъулият хоҳанд кашонд. Димишқ дирӯз таҳдид кард, ки таслиҳоти кимиёиашро алайҳи ҳар навъ таҷовузи низомии байналмилалӣ истифода хоҳад бурд. Аммо Ҷиҳод Мақдисӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Сурия гуфт, ин таслиҳот алайҳи мардуми худи Сурия истифода нахоҳад шуд.
Сурия дирӯз пешниҳоди Лигаи Араб дар мавриди таъмини “хуруҷи амн” барои Асаду хонаводааш дар сурати истеъфоро радд кард.
XS
SM
MD
LG