Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти нахустин фазонавардзани Амрико


Саллӣ Райд (Акси соли 1983)
Саллӣ Райд (Акси соли 1983)
Саллӣ Райд – нахустин фазонаварди зан аз Амрико баъди 17 моҳи набард бо бемории саратон дар синни 61 даргузашт. Райд бори аввал соли 1983, вақте ҳамагӣ 32 сол дошт, бо киштии кайҳонии “Challenger” ба мадори Замин парвоз кард. Парвози дувуми ӯ ба кайҳон соли 1984 сурат гирифт. Баъди тарки NASA дар соли 1989, Саллӣ Райд ба курсии профессории Донишгоҳи Сан-Диего нишаст ва ба хотири ташвиқи духтарон ба таҳқиқоти илмӣ сандуқи вижаеро низ таъсис дода буд.
XS
SM
MD
LG