Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе эъзоми нирӯ ба Хоруғро радд мекунанд


Вазорати дифоъи Тоҷикистон эъзоми нирӯҳои иловагӣ ба Бадахшон дар пайи қатли раҳбари идораи амнияти он вилоятро радд мекунад. Генерал Абдулло Назаров шоми 21 июл дар натиҷаи як ҳамла дар наздикии Хоруғ кушта шуд ва ба гуфтаи шоҳидон, дар пай тадобири амниятӣ дар Хоруғ шадидтар шуда, аз Душанбе ба Бадахшон нирӯҳои изофии амниятӣ фиристода шудаанд. Дирӯз дар Хоруғ бо талаби таҳқиқи одилонаи қазия даҳҳо зан тазоҳурот карданд. То ҳол ду гумонбар дар ҳамла ба генерал Назаровро ба мақомот супурдаанд.
XS
SM
MD
LG