Пайвандҳои дастрасӣ

Миср равуои фаластиниҳоро осон кард


Шаҳри Қоҳира ҳангоми паради низомӣ

Шаҳри Қоҳира ҳангоми паради низомӣ

Тибқи гузоришҳо мақомоти Миср ба фаластиниҳо иҷозат додаанд, бидуни раводиди сафар ва ё иҷозатномаи амниятӣ вориди хоки Миср шаванд. Хабаргузориҳо аз нақли мансабдорони мисрӣ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қоҳира овардаанд, ки идораи амниятии ин кишвар ба онҳо дастур додааст монеи вуруди фаластиниҳо ба Миср нашаванд. Қаблан ҳар фаластинии аз 18 то 40-сола қабл аз омадан ба Миср бояд иҷозатномаи амниятӣ мегирифт. Сафири Миср дар соҳили ғарбии рӯди Урдун Ёсир Усмон мегӯяд, ҳозир фаластиниҳо метавонанд ба Миср рафта, дар давоми 72 соат ҳуҷҷатҳои сафариашонро дуруст кунанд. Як мансабдори фаластинӣ гуфт, ки масъалаи коҳиши маҳдудияти сафар муддате мавриди арзёбӣ қарор дошт. Созмони Ҳаомс, ки минтақаи Ғаззаро таҳти тасарруф дорад, ҳамчун парвардаи Ихвон-ул-муслимини Миср ба шумор меравад. Президенти тозаинтихобшудаи Миср Муҳаммад Мурсӣ ҳам ба Ихвон-ул-муслиминин мансуб аст.
XS
SM
MD
LG