Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оё "девона" метавонист пошхӯрии Шӯравиро пешгӯӣ кунад?


Шамси Зариф, сокини ноҳияи Восеъ.

Шамси Зариф, сокини ноҳияи Восеъ.

Марде, ки барои пешгӯии пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ чаҳор сол зиндон шуда буд, ҳоло расман «девона» дониста мешавад.

Ӯ феълан 75 сола аст ва масъулини мақомоти гуногуни минтақаи Кӯлоб ӯро чашми дидан надоранд, аммо дар миёни аксари сокинони оддӣ маҳбубияти хос дорад.

Ӯ Шамси Зариф, сокини ноҳияи Восеъ аст, ки дар соли 1983 ба Кумитаи марказии ҳизби комунистии Маскав нома навишта, ҳушдор дод, ки дар даҳсолаи ахир агар сиёсати шӯравӣ чунин идома кунад, ин давлат аз ҳам мепошад.

Пас аз ин мактуб фавран ӯро барои «нобоварӣ ба ҷомеаи комунистӣ ва халал эҷод кардан дар роҳи расидан ба комунизм» ҳабс карданд ва танҳо дар соли 1991 пас аз пурра пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ Додситонии кулли Тоҷикистони соҳибистиқлол ӯро сафед кард.

2,5 соли зиндон барои таҳқири президент

Дар соли 2002 дар номае ба унвони президенти Тоҷикистон ӯро барои қонуни «Танзими оила», ки коҳиши таваллуди атфолро ташвиқ мекард, интиқод карда, ин қонунро «террор ва наслкушии миллӣ бо роҳи осоишта» унвон кард.

Шамси Зарифро барои ин нома 2,5 сол зиндон карданд ва бо додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи «девонагӣ» аз зиндон раҳо намуданд. Аз ин пас номаҳои ӯ, ки аз ноадолатиҳои масъулини мақомоти гуногун, қонуншиканӣ навишта мешуд, дигар ҳамчун сухани «бемори рӯҳӣ» ҷиддӣ гирифта намешавад. Аммо Шамси Зариф ин оддати худро тарк накарда, танҳо дар як соли ахир беш аз ду сад нома унвонии мақомоти гуногун навиштааст.

Ӯ мегӯяд, бо президенти Тоҷикистон рӯ ба рӯ сӯҳбат кардан мехоҳад, вале ҳар замоне, ки президент ба минтақа сафар мекунад, ӯро ҳабси хонагӣ мекунанд: «Шӯъбаи кофуткови ҷиноӣ, додситонии Восеъ бо супориши раиси ноҳия маро ҳабси хонагӣ карданд. То анҷоми сафари президент дар ҳабси хонагӣ қарор доштам ва натавонистам, бо ӯ сӯҳбат кунам ва аз қонуншиканиҳо ӯро хабардор созам».

Раиси ноҳияи Восеъ: «Ӯ лоиқи сӯҳбати Ҷаноби олӣ нест»

Дар ҳамин ҳол, Султон Валиев, раиси ноҳияи Восеъ дар як сӯҳбат ин гуфтаҳоро тасдиқ карда гуфт, «ҳеҷ гоҳ иҷозат намедиҳам, ки чунин одам бо Ҷаноби олӣ вохӯрад». Раиси ноҳияи Восеъ инчунин афзуд, ҳангоми сафари навбатии президент низ чунин амал мекунад, «зеро Шамси Зариф лоиқи сӯҳбати президент нест».




Ин ҳам дар ҳолест, ки дар замони шӯравӣ ва замони истиқлол, яъне то навиштани номаи «таҳқири президент», арзҳои Шамси Зариф мавриди санҷиш қарор мегирифтанд ва камбудиҳое, ки ӯ зикр мекард, ислоҳ мешуданд.

Беморе, ки ноадолатиро чашми дидан надорад

Саид Раҳмон, дӯсти замони донишҷӯии Шамси Зариф мегӯяд, чунин одамон ба ҷомеа лозиманд ва бояд онҳо мавриди истифода қарор гиранд. Ба гуфтаи ӯ, Шамси Зариф воқеан «бемор» аст: «Воқеан, ӯ бемор аст. Беморе, ки ноадолатӣ, қонуншиканиро чашми дидан надорад. Зиёд одамон кабкбозиро дӯст медоранд, аспсавориро дӯст медоранд, аммо ӯ ҳақиқатро дӯст медорад ва тамоми умри ширинашро сарфи барқарории ҳақиқату адолат кардааст».

Сокинони оддии минтақаи Кӯлоб Шамси Зарифро эҳтиром мекунанд. Барот Сафаров, як сокини ноҳияи Восеъ мегӯяд, раиси ноҳия бар хилофи манфиати сокинон бозорҳои деҳотро дар ин ноҳия баст ва ӯ ягона инсоне буд, ки барои бозшавии бозорҳо дари сад идораро кӯфт:

«Ҳатто бо далелҳо мақола навишта, дар ҳафтаномаҳо чоп кард. Баъди мақолаву даводавҳои ӯ бозорҳои деҳот ба фаъолият дубора сар карданд. Аз ин корҳо нигоҳ кунӣ, ҳеҷ фоидаи шахсӣ намебинад, аммо ҳамеша дар даводав аст».

Шамси Зариф аз ангуштшумор нафаронест, ки ҳамчуни «аризанавису шикоятнавис» ном баровардааст. Орзу Ҳамидов, рӯзноманигори ҷавон мегӯяд, ҳарчанд, аз дидгоҳи инсонгарӣ ӯ кори хубе анҷом диҳад ҳам, аммо дар бештари мавриди менталитети маҳаллӣ ба ҳама чунин иҷозаро намедиҳад:

«Барои чунин шикоятнавис шудан ҷасорати хос лозим аст. Менталитети маҳал чунин касонро хуб намепазирад ва дар бештари маврид маҳкум мекунад. Дар гумон аст, ки пас аз Шамси Зариф касе кори ӯро идома диҳад, зеро агар ҷавоне бо чунин тарз шикоят нависад, зуд ӯро маҳкум мекунанд. Воқеан, дар чунин ҷомеа ҷасорати вижа лозим аст, ки ҳар камбудиро навишт».

Шамси Зариф факултаи филологияи забони русии Донишгоҳи Кӯлобро соли 1969 бо «дипломи сурх» хатм кардааст. Ӯ навиштани арзу шикоятҳояшро аз рӯи мантиқ ва як рисолати инсони асил барои расидан ба ҳақиқат медонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG