Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маркази фарҳангии “Бохтар” ба иҷрои тарҳи наве дар Тоҷикистон сар кард, ки тибқи он менеҷерони соҳаи мусиқӣ омода карда мешаванд.

Кирил Кузмин, ҳамоҳангсози барномаҳои маркази “Бохтар” дар сӯҳбат бо мо дар мавриди ин давраи омӯзишӣ гуфт: “Дар Тоҷикистон овозхонҳо ва гурӯҳҳои овозхонии бо маҳорат хеле зиёд ҳастанд. Аммо дар ҳамин ҳол ҳангоми ташкили консерту дигар базмҳои мусиқӣ набуди менеҷерони ҳирфаӣ ва ташкилотчиҳо мушоҳида мешавад”.

Ҷаноби Кузмин афзуд, ин давраи омӯзишӣ як сол давом карда, аксарияти дарсҳо дар шакли амалӣ гузаронида мешаванд. Маркази “Бохтар” ният дорад, то устодони ҳирфаии мусиқиро барои таълими чунин ҷавонон аз хориҷи кишвар ҷалб намояд. Ҳамчунин дар давоми як соли таълим, ин ҷавонон ба миқдори 50 доллари амрикоӣ идрорпулӣ хоҳанд гирифт.

Ин тасмими маркази фарҳангии “Бохтар” дар ҳолест, ки охиран ду консерте, ки қарор буд аввали моҳи июн бо иштироки сарояндаҳои хориҷӣ дар Душанбе баргузор шавад, лағв шуд. Яке аз сабабҳои баргузор нашудани ин консертҳоро коршиносон дар паст будани мудирияти ташкилии он мебинанд.

Субҳон Ҷалилов, ровии барномаҳои тафреҳии радио “Ватан” мегӯяд, ташкилкунандагони ин консертҳо имконоти молии мухлисонро сарфи назар карданд: “Ҷавононе, ки майли иштирок дар чунин консертҳоро доранд, имкони молии харидории чиптаҳоро бо чунин нархҳои гарон надоранд”.

Субҳон Ҷалилов афзуд, овозхонҳо имрӯз дар Тоҷикистон ба менеҷерон ва ташкилкунандагони консерт ниёз доранд ва танҳо як иқдоми маркази фарҳангии “Бохтар” барои ба миқдори кофӣ тайёр кардани чунин мутахассисон кифоя нест. Аммо то ҳол дар мактабҳои олии Тоҷикистон ин ришта тадрис намешавад.

Бархе аз овозхонҳои тоҷик аз он шикоят доранд, ки дар Тоҷикистон як рӯйхати ғайрирасмии “сиёҳ”-и овозхонҳо вуҷуд дорад ва сурудҳои онҳо натанҳо дар садову симои давлатӣ пахш намешавад, балки ҳангоми ташкили консертҳояшон низ монеа эҷод мешавад.

Аммо Мирзошоҳрух Асрорӣ вазири фарҳанги Тоҷикистон ин иддаъоҳои овозхононро дар нишасти охири матбуотияш рад кард:
“Ин консертҳоро ширкатҳои алоҳидаи хусусӣ ташкил карда буданд. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои баргузор кардани ин гуна консертҳо ягон монеа эҷод накардааст, балки ҳамеша барои баргузор гаштани онҳо мусоидат мекунад”.

Пас агар мушкил фақат фаннист, эҳтимол дорад, талошҳои маркази фарҳангии “Бохтар” то як соли дигар, мутахассисонеро ба майдони хоҳад овард, ки бо донистани механизмҳои идораи фаъолиятҳои ҳунарӣ ба чунин иштибоҳҳо роҳ надиҳанд ва саҳнаи ҳунари кишварро рангу таровати нав бахшанд.
XS
SM
MD
LG