Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"23 ҳазор сарбози ИМА соли ҷорӣ Афғонистонро тарк мекунанд"


Бахши бузурге аз 23 ҳазор сарбози амрикоӣ дар моҳҳои август ва сентябри соли ҷорӣ Афғонистонро тарк хоҳанд кард.

Фармондеҳи умумии нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон мегӯяд, аз 23 ҳазор сарбози амрикоие, ки қарор буд Афғонистонро тарк кунанд, тақрибан нисфашон аз ин кишвар хориҷ шудаанд.

Генерал Ҷон Аллен, ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, ки бахши бузурги боқимондаи ин нерӯҳо дар моҳҳои август ва сентябр Афғонистонро тарк хоҳанд гуфт.

Оқои Аллен дар мавриди 23 ҳазор низомие сӯҳбат кард, ки Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар соли 2009 онҳоро ба Афғонистон фиристода буд. Барак Обама он замон дастур дода буд, ки 33 ҳазор сарбози иловагӣ ба Афғонистон фиристода шавад. Аз ин ҷумла даҳ ҳазор низомӣ соли гузашта Афғонистонро тарк карданд ва қарор аст 23 ҳазори боқимонда то охири моҳи сентябри имсол аз Афғонистон хориҷ шаванд.

Фармондеҳи умумии нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон дар идомаи изҳороташ ба хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО тибқи ҷадвали замонии таъйиншуда таъкид кард ва гуфт: «Нерӯҳои муштарак афғон, амрикоӣ ва НАТО то поёнии соли 2014 дар маъмуриятҳои низомӣ иштирок хоҳанд кард.»

Ба гуфтаи оқои Аллен, дар ҳоле ки нерӯҳои байналмилӣ дар тақрибан дуввуним соли оянда Афғонистонро ба сурати комил тарк хоҳанд кард, ҷангҳо дар ин кишвар идома хоҳанд ёфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG