Пайвандҳои дастрасӣ

Бар пояи иттилои манобеи "Озодӣ", дар намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар дигаргуниҳое сурат мегирад.

Тибқи манобеи наздик ба РО, қарор аст, Нуриддин Шамсов, сафири Тоҷикистон дар Утриш ва намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА), сафири Тоҷикистон дар ИМА таъйин шавад.

Ҳамчунин интизор меравад Салоҳиддин Насриддинов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Арупо ва сафири ин кишвар дар Австрия таъйин гардад.

Тибқи иттилои ин манбаъ Шералӣ Ҷононов, ки дар гузашта намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ ва ахиран раҳбарии раёсати ҳуқуқӣ ва қарордории ВКХ будааст, ҷойгузини Зубайдулло Зубайдов дар сафорати Тоҷикистон дар Покистон хоҳад шуд.

Зубайдулло Зубайдов, ки то кунун сафири Тоҷикистон дар Покистон буд, қарор аст ба раҳбарии намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Аморати Мутаҳидаи Арабӣ мансуб шавад.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ин манбаъ, Илҳом Абдураҳмонов, ба ҷои Ятимшо Мусофиров, дар мақоми консули генералии Тоҷикистон дар Истанбули Туркия ифои вазифа хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG