Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Кумтори Қирғизистон коргарон заҳролуд шуданд


Ошхонаи кони тилои Кумтори Қирғизистон

Ошхонаи кони тилои Кумтори Қирғизистон

Мансабдорони кони тилои Кумтори Қирғизистон мегӯянд, рӯзи душанбе беш аз 100 ходими ин муассиса аз ғизо заҳролуд шудаанд. Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ тахминан 170 нафар заҳролуд шудаанд, ки аз ин байн камаш 100 нафар ба шифохона интиқол ёфтаанд.
Муфаттишон иброз доштаанд, ки эҳтимол манбаи заҳролудшавии коргарон тухм ва ё мевае мебошад, ки дар ошхонаи кон фурӯхта мешуд. Кони тилои Кумтор, ки дар шимоли Қирғизистон дар канори Иссихкӯл қарор дорад, даҳ дар сади даромади ин кишварро таъмин мекунад.
XS
SM
MD
LG