Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кобул аз тирборони вилояти Кунар нигарон аст


Посгоҳи нерӯҳои амниятии Афғонистон дар вилояти Кунар

Посгоҳи нерӯҳои амниятии Афғонистон дар вилояти Кунар

Афғонистон ба Покистон ҳушдор додааст, ки аз ин ба баъд ҳар оташи фаромарзии нерӯҳои покистонӣ ба равобити Кобулу Исломобод таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Изҳороти вазорати корҳои хориҷии Афғонистон баъди оташборони вилояти шарқии Кунар пахш шуд.
Тибқи ахбори расида оташи нерӯҳои покистонӣ дар рӯзҳои ҷумъаву шанбеи гузашта боиси марги чор нафар гардидааст. Восифуллоҳ Восифӣ-сухангӯи ҳукумати Кунар мегӯяд, вулусволии Донгоми ин вилоят бо камаш 300 тири тӯпхонаву мушаки нерӯҳои покистонӣ мувоҷеҳ шуд.
Ҷои ёдоварист, ки ҳафтаи гузашта сарвазири нави Покистон Роҷа Парвиз Ашраф бо ҳадафи беҳбуди равобити Покистон бо Афғонистон ба Кобул сафар карда бо президенти афғон Ҳомиди Карзай вохӯрд.
Моҳи гузашта оташи фаромарзии нерӯҳои покистонӣ боис шуд, ки ҳазорҳо сокини Кунар хонаҳояшонро тарк кунанд. Он замон Исломобод Кобулро бо тақдими паноҳгоҳ ба ҷангҷӯёни масъули куштори 13 сарбози покистонӣ муттаҳам кард.
XS
SM
MD
LG