Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аёдати Обама аз бемористони Аврора


Шоми якшанбе дар шаҳри Аврораи аёлати Колорадои Амрико ҳазорон нафар барои ёдбуди қурбониёни тирандозии рӯзи ҷумъа дар кинотеатри шаҳр ҷамъ шуданд. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар пайи аёдат аз бемористони Аврора гуфт, ӯ зиндамондаҳои он фоҷиа ва пайвандони 12 қурбониро ба оғӯш кашида, ашк рехтааст. Обама ба онҳо гуфтааст, ки тамоми Амрико имрӯз фикри онҳоро мекунад. Қарор аст, додгоҳ имрӯз ба тирандоз Ҷеймс Ҳолмс расман айбнома эълон кунад. Пулис дирӯз баъди пок кардани маводи мунфаҷира дар манзили ӯ, компутарашро ба даст овард, ки метавонад далоиле дар бораи омодагии ӯ ба ин куштор ба дасти пулис бидиҳад. Ҳолмс баъди тирборони тамошобинони филми нави Бэтмен боздошт шуд.
XS
SM
MD
LG