Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори Амрико ба мақомоти Сурия


Амрико гуфт, ҳар мақоми суриёии дахил дар раҳоӣ ё истифодаи силоҳҳои кимиёиро ба масъулият хоҳад кашонд. Сухангӯи Кохи Сафед Ҷеймс Карнӣ гуфт, Вошингтон нигарониҳо дар бораи захоири таслиҳоти кимиёии Сурияро бо ҳамсояҳояш ва ҳам бо ҷомиаи байналмилалӣ фаъолона машварат мекунад. Сарвазири Қатар гуфт, кишварҳои арабӣ аз раисиҷумҳури Сурия Башор Асад хостаанд, ба хотири хатми ҷанги шаҳрвандӣ қудратро ба зудӣ канор гузорад. Лигаи Араб аз Артиши ҳуррияти мухолифини Сурия даъват кардааст, то ҳукумати ваҳдати миллии давраи гузорро ташкил диҳад. Ин дар ҳолест, ки набардҳо байни нирӯҳои давлат ва мухолифин дар Димишқу Ҳалаб идома доранд. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия мегӯяд, аз моҳи марти соли 2011 дар ошӯбҳои ин кишвар 19 000 нафар ҷон бохтаанд. Бино ба хабари дигар, Туркия дар пайи тасарруфи чанд гузаргоҳи марзӣ аз сӯи чирикиҳо дар наздикии марзҳояш бо Сурия мушакҳои замин ба ҳаворо мустақар кардааст.
XS
SM
MD
LG