Пайвандҳои дастрасӣ

16 кушта дар ҳамлаҳои Маҳмудияву Мадоин


Дирӯз бар асари таркишҳои тақрибан паиҳам дар ду шаҳр дар ҷануби Ироқ дастикам 16 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шуданд. Шоми дирӯз ду мошин дар як истгоҳи автобусҳо дар шаҳри умдатан суннишинини Маҳмудия, дар 30-километрии ҷануби Бағдод таркид. Дар ин ҳамла 10 тан ҷон бохта, 36 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Баъди 10 дақиқа, дар бозори шаҳри низ суннинишини Мадоин, ки аз Маҳмудия 20 километр фосила дорад, ду бомби канори роҳ таркидааст.
XS
SM
MD
LG