Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Тӯҳфа"-и Давид Черний ба Бозиҳои олимпии Лондон


Наққоши баҳсбарангези чех Давид Черний ба истиқболи Бозиҳои олимпии Лондон, ки 27 июл оғоз меёбад, аз як автобуси дуқабатаи бритониёӣ варзишгаре сохтааст, ки бо ду дасти сунъиаш “отжимание” мекунад. Ӯ як автобуси "Routemaster", сохти соли 1957-ро харида, ба он ду даст илова кард ва "London Booster" номаш дод. Қарор аст, ин маҳсули дасти Черний шоми душанбе дар наздикии қароргоҳи тими олимпии Чехия дар Лондон гузошта шавад. Черний се сол пеш бо наққошии "Entropa", ки дар қароргоҳи ИА дар Брюссел ба раёсати Чехия дар ин созмон оғоз гузошт, маъруф шуда буд. Аъзои ИА дар ин маҳсули ӯ ба суратҳои мухталиф тасвир мешуданд, ки баҳси зиёдеро дар Аврупо ба по кард.
XS
SM
MD
LG