Пайвандҳои дастрасӣ

Шоми якшанбе дар пойтахти Норвегия дар консерти бахшида ба солгарди аввали ҳалокати 77 нафар бар асари бомбгузорӣ ва тирандозии Андерс Брейвик даҳҳо ҳазор нафар ҷамъ шуданд. Дар ин консерт ситораи роки Амрико Брюс Спрингстин ҳунарнамоӣ кард. Дирӯз сарвазири Норвегия Йенс Столтенберг дар маҳалли таркиши як соли пеш дар Осло гул гузошта, сипас ба садҳо нафаре пайваст, ки ба хотири ёдбуди қурбониён дар ҷазираи Утойя - маҳалли қатли 69 қурбонии ҳамлаи Брейвик - гирди ҳам омаданд. Ин ҳамоиш ба таври мустақим тавассути телевизион намоиш дода шуд.
XS
SM
MD
LG