Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кобул сафири Покистонро ба ҳузур хонд


Афғонистон Покистонро алайҳи тирандозӣ дар марз ҳушдор дода гуфт, ин метавонад равобити онҳоро ҷиддан латма занад. Муовини вазири хориҷаи Афғонистон Ҷовид Лудин дирӯз сафири Покистон дар Кобулро ба хотири баҳси тирандозиҳои ахир ба ҳузур хонд. Дафтари раисиҷумҳур Ҳомид Карзай гуфт, ин масъала дар Шӯрои амнияти миллӣ низ баррасӣ шуд. Бо ин ҳол, ҳавопаймоҳои ҷангии Покистон дирӯз ба 4 мавзеъ дар минтақаи қабиланишини Оракзай ҳамла бурда, шумори номаълуми ҷангиёни эҳтимолии Толибонро ба ҳалокат расондаанд.
XS
SM
MD
LG