Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил ба Лондон маъмурони изофӣ нафиристодааст


Вазири дифоъи Исроил Эҳуд Барак гузориши "Sunday Times"-ро, ки гӯё Исроил ба далели афзоиши нигарониҳо аз ҳамла ба исроилиҳо дар рӯзҳои Олимпиада ба Лондон маъмурони амниятии изофӣ фиристодааст, радд кард. Ин нашрияи бритониёӣ навишт, ки ба бовари Исроил, ҳамлаи ахир дар Булғористон алайҳи сайёҳони исроилӣ метавонад дебочаи ҳамлаи бузургтар дар Лондон бошад ва ба ин далел, ба манотиқи мухталифи Аврупо маъмурони изофӣ фиристодааст. Эҳуд Барак ҳолати омодабош доштани мақомоти иктишофиву фавриашро таъйид кард, вале гуфт, дар пайи ҳамлаи Булғористон, ки 6 кушта ба ҷо гузошт, чизе тағйир наёфтааст.
Имсол солгарди 40-уми ҳамлаи террористии фаластиниҳо алайҳи варзишгарони исроилӣ дар Олимпиадаи Мюнхен дар соли 1972 аст, ки мунҷар ба ҳалокати 11 исроилӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG