Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди солгарди аввали ҳамлаҳои Ослову Утойя


Дар Норвегия аз солгарди аввали ҳалокати 77 нафар бар асари бомбгузорӣ ва тирандозии Андерс Брейвик дар Осло ва ҷазираи Утойя ёд карданд. Сарвазир Йенс Столтенберг дар маҳалли таркиши як соли пеш дар Осло гул гузошта, сипас ба садҳо нафаре пайваст, ки ба хотири ёдбуди қурбониён дар Утойя гирди ҳам омаданд. Ин ҳамоиш ба таври мустақим тавассути телевизион намоиш дода шуд. Шоми якшанбе дар консерти ёдбуд дар толори Осло то 100 000 нафар гирди ҳам омад.
XS
SM
MD
LG