Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъзоми нирӯҳои изофӣ ба Бадахшон


Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, раҳбари идораи амнияти вилояти Бадахшон Абдуллоҳ Назаров ғолибан аз сӯи қочоқбарони тамоку кушта шудааст. Генерал Назаров шоми шанбе дар роҳи бозгашт аз сафари ноҳияи Ишкошим дар наздикии Хоруғ кушта шуд. Ҷанозаи ӯро дирӯз дар зодгоҳаш – ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон – ба хок супурданд. Абдулло Назаров 56 сол дошт ва аз афсарони собиқадори Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, дар пайи ин куштор ба Бадахшон аз марказ нирӯҳои иловагӣ ворид кардаанд.
XS
SM
MD
LG