Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти азим дар бораи HIV AIDS шурӯъ шуд


Бузургтарин ҳамоиш дар бораи мубориза алайҳи бемории вируси норасоии масунияти бадан ва AIDS имрӯз дар шаҳри Вашингтон оғоз ёфт. Дар остонаи ин нишаст муборизони зидди ин беморӣ хостори амалкарди фаврӣ барои муқобила бо Эйч Ай Ви Эйдз шуданд, ки танҳо соли гузашта якуним миллион нафарро кушт. Дар Конференсияи байналмилалии 19 –уми дар бораи Эйч Ай Ви ЭЙДЗ тақрибан 25 ҳазор нафар аз ҷумла сиёсатмадорону олимон, намояндагони ҷомеаи маданӣ ҳузур хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG