Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: Тарҳҳои сӯиқасд ба донишмандон ошкор шуд"


Расонаҳои эронӣ мегӯянд, маъмурони амниятӣ ду ҳалқаеро ба ҳам задаанд, ки қасд доштаанд, донишмандони ҳастаии Эронро дар дохилу хориҷи ин кишвар бикушанд. Бино ба гузоришҳо, чанд нафар бо ҳамин иттиҳом боздошт шудаанд. Хабаргузориҳои Форс ва Меҳр дар ин бора бо такя ба гуфтаҳои Ҳайдар Муслиҳӣ, вазири иттилоъоти Эрон хабар додаанд. Ҷузъиёти дигаре дар ин бора нашр нашудааст. Аз соли 2010 то кунун чаҳор мутахассиси ҳастаии Эрон дар сӯиқасдҳои алоҳида кушта шуданд. Фаридун Аббос Девонӣ, раиси Оҷонси энержии атомии Эрон моҳи ноябр дар як чунин ҳамлае маҷрӯҳ шуда буд. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон қасд дорад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, аммо Теҳрон ин иддаъоро пайваста рад карда гуфтааст, барномаҳои атомиаш ба хотири тавлиди нерӯи барқ аст.
XS
SM
MD
LG