Пайвандҳои дастрасӣ

Солгарди террори Брейвик дар Норвегия


Дар Норвегия имрӯз қурбониёни бедодгарии Андерс Беҳринг Брейвикро гиромӣ доштанд, ки соле пеш дар ин кишвар 77 нафарро кушт. Ҳангоми гулгузорӣ дар маҳалли бомбгузорӣ дар шаҳри Осло, Ҷенс Столтенберг, нахуствазири Норвегия гуфт, Андерс Беҳринг Брейвик, арзишҳоеро, ки кишвараш ба он эътиқод дорад, тағйир дода натавонист. Ӯ афзуд: “Муҳим аст, ки кишвари мо ба зиндагии оддӣ баргашт, зеро мо мехоҳем нишон бидиҳем, ки ҷомеаи Норвегия бо ин гуна ҳамлаҳо, ки ҳадафаш тағйир додани арзишҳои мо буд, бархӯрд карда метавонад. Ин кор ба ӯ муяссар нашуд. Ҷомеаи Норвегия бозтару қавитар шуд, ҷомеае, ки ба демократия эътиқод дорад.“ Ин миллатгарои ифротӣ соле пеш дар бобмгузорӣ дар Осло 8 нафарро кушт ва сипас ба ӯрдугоҳи Ҳизби Коргар дар ҷазираи Утоя рафт ва 69 тани дигарро ба қатл расонд. Брейвик худро бегуноҳ медонад ва қарор аст, ҳукми ӯро рӯзи 24 август эълом кунанд.
XS
SM
MD
LG