Пайвандҳои дастрасӣ

Донишмандони тоҷик бо ҳамкорони худ аз Арманистону Қирғизистон ба иҷрои тарҳе шурӯъ кардаанд, ки ҳадаф аз он эмин нигаҳ доштани мардум аз бемориҳое хатарнокест, ки манбаъи он маводи ғизоӣ мебошад.

Сирояти беморӣ аз маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон агарчӣ чизи наве нест, аммо ба гуфтаи донишмандони тоҷик, хуруҷи бемориҳои наву номаълум, аз ҷумла дар Аврупо мояи нигаронии ҷиддӣ аз расидани ин гуна бемориҳо то ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аст.

Фирӯза Носирова, профессор ва доктори улуми биологӣ, ки тарҳеро дар ин замина дар кишвар анҷом медиҳад, дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Айни замон вазъи амнияти озуқаворӣ, мояи нигаронии ҷиддист. Ҳамаи мо медонем, ки соли гузашта дар кишварҳои аврупоӣ гирифторӣ ба навъҳои нави беморӣ ба мушоҳида расид, ки ангезандаи онҳо аз ҳайвонот ё дар маҳсулоти гӯштӣ будааст. Аз ҷумла хуруҷи беморӣ ва мавориди зиёди гирифторӣ ба салмонелёз ва бактерияҳои рӯда сабт шуд ва 53 нафар ҳам аз ин гуна бемориҳо ҷон доданд. Ин ҳодисаҳо дар кишварҳое дида шуд, ки назорати эминии озуқаворӣ дар сатҳи баланд қарор дорад, яъне маҳсулоту маводи ғизоиро дар ҳама зинаҳо бисёр бодиққат тафтиш мекунанд, чун озмоишгоҳҳои пешрафта ва мутахассисони варзида доранд, аммо дар кишварҳои мо ин кор сусттар аст. “

Тарҳи илмие, ки Фирӯза Носирова бо кӯмаки Маркази Байналмилалии Илмӣ-Техникӣ анҷом медиҳад, “Шоҳроҳи бузурги Абрешим ҳадафи хатарҳои биологӣ” унвон гирифтааст. Агарчӣ дар корвонҳои ин роҳи тиҷоратӣ дар аҳди қадим мардуми мусофиру тоҷир бар асари бемориҳо, ҳамлаи роҳзанҳо, гармии тоқатфарсо мефавтиданд ва устухонҳояшон роҳнамо барои корвонҳои дигар мешуд, аммо ҳоло ин хатарот камтар аст, аммо хатари омадани маҳсулоти ғизоии олуда аз тариқи ин шоҳроҳ кам нест, ки Тоҷикистон ҳам як шохаи он аст. Фирӯза Носирова мегӯяд, ҳоло маводи ғизоӣ ба осонӣ ба ҳар гӯшаи ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Марказӣ мерасад ва аз ин рӯ бояд Тоҷикистон омода бошад, аз бемориҳое пешгирӣ кунад, ки сарчашмаашон маҳсулоти ғизоии олуда сироят аст:

“Мо мехоҳем бидонем, ки аз назари эминии маҳсулоти ғизоӣ кадом масъалаҳо дар кишварҳои минтақа авлавият доранд, кадом навъи маҳсулоти ғизоӣ дар кишварҳои мо аҳамияти бештар доранд ва назорати онҳо чӣ гуна сурат мегирад. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон, масъули бехатарии маҳсулоти ғизоӣ “Хадамоти санитариву беҳдоштӣ” аст. Ва мо бар асоси ҳамон барнома бояд муаяйн кунем, ки то чӣ ҳад ин муассиса бо озмоишгоҳҳову абзори лозими ташхис муҷаҳҳаз аст ва мутахассисонаш чӣ гунаанд. Яъне бояд нукоти заъифро ошкор намоем, ки кор дар онҷо пурзӯр шавад. Чӣ гуна омӯзишҳо бояд гузаронд ва чӣ гуна таҷҳизот бояд харид. Яъне бояд омода буд, ки дар сурати хуруҷи кадом як беморӣ онро зуд пайдо карда ва пеши роҳашро бигирем. “

Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар ҳоли рушд ва сахт пойбанди маводи ғизоии воридотӣ ҳастанд, дар баробари ингуна бемориҳо бисёр осебпазиранд. Кишварҳои минтақа бо вуҷуди умдатан кишоварзӣ будан, ҳанӯз ҳам аз хориҷ гандуму моҳиву навъҳои зиёди маҳсулоти ғизоӣ ворид мекунанд ва бахусус Тоҷикистон, ки иқтисоди заъифтарин дар минтақаро дорад. Олуда шудани маводи ғизоӣ на танҳо ба сиҳати омма хатар дорад, зиёнҳои бузурги иқтисодӣ оқибати дигари он аст. Навъи номаълуми бемории Е-колӣ, соли гузашта дар Аврупо аз сабзиҷот ба мардум сироят карда ва даҳҳо нафарро кушт, танҳо дар як ҳафта ба кишоварзони Испониё 200 миллион евро хисорот ворид кард, чун воридоти сабзиҷот аз он кишвар ба шиддат кам шуд.

Фирӯза Носирова ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси тарҳи дигаре, ки онҳо дар худи Тоҷикистон иҷро мекунанд, қарор аст, таҷҳизоти нави пешрафтаи озмоишгоҳӣ аз Амрико ба Тоҷикистон биёранд, ки имкон медиҳад, вуҷуди бактерияҳои мухталифро ба осонӣ ташхис кунанд:

“Дар Тоҷикистон солона гоҳ гоҳе сирояти бемории ботулизм сабт мешавад, ки сабаби он нодуруст консерва кардани маҳсулот аст. Бемории салмонелёз ҳам, ки аз маҳсулоти гӯштӣ сироят мекунад, гоҳ гоҳе ба чашм мерасанд. Аз ин рӯ мо ҳамин тарҳҳоро амалӣ мекунем, то ингуна бемориҳо саривақт ташхис ва барои ислоҳи вазъ чораҳои зарурӣ саривақт андеша шаванд. Мо таҷҳизоти наверо, ки хоҳем гирифт, иҷоза медиҳад, на фақат ангезандаи масалан салмонеллёз, балки якбора чанд ангезандаи беморӣ ташхис шавад то тавонем, зуд аз густариши он беморӣ ҷилавгирӣ кунем. “

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG