Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду тарҳи илмии нави олимони тоҷик оид ба ...


Донишмандони тоҷик мегӯянд, иҷрои ду тарҳеро идома медиҳанд, ки ҳадаф аз он эмин нигаҳ доштани кишвар аз воридоти маҳсулоти ғизоии дорои ангезандаҳои бемориҳои гунонгун аст. Ин тарҳҳо бо мусоидати Маркази Байналмилалии Илмӣ Техникӣ амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон узви ин марказ аст. Фирӯза Носирова, профессор ва доктори улуми биологӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, эминии маҳсулоти ғизоӣ, ки аз ҳар гӯшаҳои дунё ба Осиёи Марказӣ ворид мешавад, мояи нигаронии амиқ аст, зеро эҳтимоли дорои ангезандаҳои беморӣ будани баъзе аз маҳсулот вуҷуд дорад. Аз ин рӯ ба гуфтаи Фирӯза Носирова бар асоси ду тарҳи илмӣ қарор аст, аввал сифати назорат бар маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон муайян шавад ва сипас чораҳои лозим барои беҳтар шудани назоратро биандешанд.
XS
SM
MD
LG